Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се инфиҷори террористӣ дар Мумбайи Ҳиндустон


Яке аз маҳалҳои инфиҷор дар Мумбай
Яке аз маҳалҳои инфиҷор дар Мумбай
Мақомоти Ҳиндустон мегӯянд, ки дар се инфиҷори тақрибан ҳамзамон дар шаҳри Мумбай ё Бомбайи ин кишвар 21 нафар кушта, бештар аз 100 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Паланиаппан Чидамбарам-вазири корҳои дохилаи Ҳинд ин инфиҷорҳоро “ҳамлаи ҳамоҳангшудаи террористҳо” арзёбӣ кард. Притвираҷ Чаван-нахустивазири аёлати Маҳараштра ин ҳамларо “чолише барои тамомияти арзии Ҳиндустон” хонд. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ин ҳамлаи ваҳшиёнаро маҳкум кард ва пешниҳод кард, ки барои ба муҷозот кашондани дастандаркорони ин ҳамла Амрико омодаи кӯмак аст. Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳур ва Юсуф Ризо Гелонӣ-нахуствазири Покистон низ дар як эъломияи муштарак аз талафоти ҷонӣ изҳори таассуф карданд. Гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG