Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ сарбози фаронсавӣ дар Каписо


Мулоқоти Саркозӣ бо низомиёни фаронсавии мустақар дар Афғонистон
Мулоқоти Саркозӣ бо низомиёни фаронсавии мустақар дар Афғонистон
Бар асари ҳамлаи як маргталаб дар минтақаи Тагоби вилояти Каписо, воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон, панҷ низомии фаронсавӣ аз нерӯҳои байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳамла чанд сокини осоишта ҷароҳат бардоштанд.

Дар ҳамин мавзеъ як маргталаби дигар худро дар канори корвони мошинҳои нерӯҳои фаронсавӣ инфиҷор кард. Чанд сарбози фаронсавӣ, сокинони маҳаллӣ ва як кормандони полиси афғон маҷрӯҳ шуданд.

Як рӯз пеш раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ аз пойгоҳи низомиёни кишвар дар Каписо дидан карда буд.
XS
SM
MD
LG