Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Ҷулиан Ассанҷ дар додгоҳи Лондон ҳозир мешавад


Ҷулиан Ассанҷ
Ҷулиан Ассанҷ
Интизор меравад, ки имрӯз дар Лондон Ҷулиан Ассанҷ-муассиси WikiLeaks дар додгоҳ ҳозир шавад. Дар додгоҳ талошҳо барои пешгирӣ аз истирдоди вай ба Шветсия баррасӣ хоҳад шуд. Вай дар Шветсия барои алоқаи ҷинсӣ гунаҳгор дониста мешавад. Интизор меравад, ки мурофиаи Додгоҳи Олии Лондон ду рӯз давом кунад ва дар он аз талоши истирдоди вай ҷилавгирӣ ба амал ояд. Бори дуввум аст чунин талош мушоҳида мешавад. Ассанҷро моҳи декабр боздошт карда буданд, зеро сомонаи интернетии вай бо номи WikiLeaks бештар аз 250 000 номаи маҳрамонаи дипломатҳои амрикоиро ба нашр расонд. Ассанҷ мегӯяд, иттиҳомоте, ки ба вай нисбат медиҳанд, ангезаи сисёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG