Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳои зидду нақиз оид ба сарнавишти минарӯбҳои рабудашуда


Имрӯз аз Афғонистон хабарҳои зидду нақизе дар робита бо сарнавишти 26 минарӯби дар миёнаҳои ҳафтаи ҷорӣ дар вилояти ғарбии Фараҳ рабудашуда ба даст мерасад. Дар нақли қавл аз манобеи амниятӣ хабаргузории Франс Пресс мегӯяд, ки раҳбарони қабилаҳои маҳаллӣ ва ҳам полис ҷасади ҳафт мардро ошкор карданд, ки бесар буданд. Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, ки ҷасадҳои ошкоршуда шаш адад буда, вале ба иттилои Муҳаммад Мунир, муфаттиши калони вулусволии Баквои вилояти Фараҳ, бесар набуданд. Минарӯбҳо рӯзи чоршанбе дар минтақаи таҳти контроли Толибон рабуда шуданд. Дар айни замон, дар изҳороти Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи Толибон гуфта мешавад, ки минарӯбҳоро на ҷангиён, балки ҷинояткорони маҳаллӣ дуздидаанд.
XS
SM
MD
LG