Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди САҲА аз маҳдудиятҳои интернетӣ дар кишварҳои узви ин созмон


САҲА мегӯяд, ки шумори ҳарчи бештари кишварҳои узви ин созмон дар истифодаи Интернет маҳдудият ҷорӣ мекунанд.

Созмони мустақар дар Вена бо нашри гузорише вазъи 46 кишвари ин созмони иборат аз 56 узвашро таҳқиқ кардааст, ки даст ба масдуд ва ё филтеркунии интернет зада, бо ин амали худ қариб ба таври доимӣ принсипҳои озодии баён ва матбуотро поймол кардаанд.

Дар ин гузориш инчунин гуфта мешавад, ки маводи масдудшаванда асосан марбут ба порнографияи кӯдакона аст, ки дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ бар асоси машварати байни мақомот ва провайдерҳо ба чашм мехӯрад. САҲА мегӯяд, ки чунин корҳо бояд дар чаҳорчӯби қонунҳои мушаххас анҷом шавад.

Таҳқиқот ҳокист, ки дар ҳолатҳои дигар, методҳои мазкур барои бастани кори дигар маводи интернетӣ истифода шавад. Таҳқиқот мегӯяд, ки дар 20 кишварҳои аврупоиву Осиёи Марказӣ аз пахши матнҳои шадидлаҳни танқидкунандаи ҳукумат ҷилавгирӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG