Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норизоятӣ аз боло рафтани синни нафақаи занон дар Украина


Имрӯз дар назди бинои порламони Украина садҳо нафар гирдиҳам омаданд ва бар зидди ислоҳот дар низоми нафақа иътироз карданд. Тибқи ин ислоҳот синни нафақаи занон дар Украина боло меравад. Дар сурати тасвиби ислоҳоти пешниҳодшуда синни нафақаи занон аз 55 солагӣ тадриҷан то ба 60 солагӣ боло меравад. Ин ислоҳот заминаи гирифтани қарзи 15 миллиард долларии Сандуқи Байналмиллалии Пулро фароҳам меорад. Ин муассисаи молӣ баъд аз таъхир дар ислоҳот гузоштани қарз дар ихтиёри Украинаро ба таъхир андохт.
XS
SM
MD
LG