Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкори маъруфи Кӯлобро барои чӣ боздошт карданд?


Мақомоти интизомии Кӯлоб 1-уми июл дар ин шаҳр Сафармад Рустамов-соҳибкори маъруфро бо номи мустаори “Кабут”- сарвари “Ориёнбонк”-и ноҳияи Мӯъминобод боздошт ва ба Душанбе бурдаанд. Сафармад Рустамовро дар минтақаи Кӯлоб чун соҳибкори муваффақ мешиносанд ва ӯ аз афроди наздик ва мавриди эътимоди Ҳасан Асадуллозода дар Кӯлоб дониста мешавад. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ, ки нахост аз вай ном бурда шавад, ба радиои Озодӣ гуфт, мақомоти интизомӣ ҷаноби Рустамовро бо панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла барои ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунӣ муттаҳам медонанд. Баъзе манобеи ғайрирасмӣ иддао мекунанд, ки Сафармад Рустамов баъд аз бозии дастаҳои “Равшан” ва “Истиқлол” дар беназмиҳои Кӯлоб даст доштааст ва онро маблағгузорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG