Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз 100 тазоҳуркунанда дар Беларус


Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, дирӯз дар Беларус барои ширкат дар тазоҳуроти осоиштаи мухолифон дар Минск ва шаҳрҳои дигар боз 100 нафари дигар боздошт шудаанд. Гурӯҳи маҳалли ҳуқуқи башари “Весна” мегӯяд, чандин ҳазор нафар дар тазоҳуроти “кафкӯбон”, ки ба воситаи интернет созмон ёфтааст, ширкат карданд. Ба нишони ҳамраъйӣ бо онҳо дар назди сафорати Беларус дар Маскав низ як тазоҳурот баргузор шудааст. Раҳбари созмони “Мемориал”-и Русия, Олег Орлов мегӯяд:

“Мо медонем, ки афроди норозӣ аз сиёсатҳои Лукашенка ҳар чаҳоршанбе чунин тазоҳурот барпо мекунанд ва инро ҳам медонем, ки тазоҳуроти онҳо ба хушунату бераҳмӣ саркӯб мешавад. Хушбахтона, мо имрӯз тазоҳуротеро дар Маскав доир кардем ва хушунате дида нашуд, ҳарчанд ин интизорро ҳам доштем, ки мақомоти мо ҳам монанди мақомоти Беларус амал хоҳанд кард.”

Тазоҳуроти зидди Лукашенко дар Беларус аз интихоботи баҳсбарангези моҳи декабри соли гузашта ба ин сӯ идома дорад ва то ҳол 140 нафар барои ширкат дар онҳо маҳкум ва садҳо нафар латукӯбу таҳқир шудааст.
XS
SM
MD
LG