Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкор шудани 47 мадраса дар вилояти Хатлон


Мақомоти интизомии вилояти Хатлон мегӯянд, тайи як соли охир дар ҷануби Тоҷикистон 47 мактаби ғайриқонунии диниро ошкор кардаанд. Муовини раҳбари идораи амнияти миллии вилоят Нусратуллоҳ Мирзоев дар нишасти ахири Шӯрои ниҳодҳои интизомии Хатлон гуфт, дар ин мадорис то 400 тифлу наврасро ба таҳсил фаро гирифта буданд. Ӯ ҳамчунин дониши заъифи имом-хатибони маҳаллиро аз далоили зуҳур ва дар ҷомиа ҷои по пайдо кардани ҷунбишҳои мазҳабие, чун Салафия ва Ҷамоати Таблиғ номид.
XS
SM
MD
LG