Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташдиди мавзеъгирии Туркия дар баробари Қаззофӣ


Туркия мавзеъгирии худро дар қиболи Либия тағйир дод ва мегӯяд, сафирашро аз Троблус ё Триполӣ фаро хонда, зидди режими Муаммар Қаззофӣ таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад. Тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки вазири умури хориҷии Туркия, Аҳмад Довудоғлу аз пойтахти шӯишиёни Либия, Бенғозӣ дидан кард. Вай ба Шӯрои милли гузори Либия ваъда дод, ки кишвараш ба он 200 миллион доллар кӯмак хоҳад кард. Довудоғлу гуфт, вақти рафтани Қаззофӣ расидааст. Туркия тадриҷан мавзеъгирияшро дар масъалаи Либия шадидтар кард, ҳарчанд дар ибтидо аз зарбаҳои ҳавоии НАТО ба режими Қаззофӣ интиқод мекард.
XS
SM
MD
LG