Дар Мақдунияи кӯчак, аз пайкараи азими Искандари Мақдунӣ парда бардоштанд, ки бешак Юнонро хашмгин хоҳад кард. Пайкараи 13 метрии лашкаркаши бостонӣ, ки рӯи асп нишастааст дар маркази пойтахти Мақдуния шаҳри Скопйе қомат хоҳад афрохт. Агарчӣ пайкараро аз бими хашми Юнон , “Гурди аспсавор” ном ниҳодаанд, аммо симои ӯ ба симои Искандари Мақдунӣ шабеҳ аст. Юнон, ки вилояте бо номи Мақдуния дорад ва худро зодгоҳи ин лашкаркаш медонад, ба хотири номи Мақдуния, монеъи пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо шудааст.