Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви дуюм дар камтар аз як моҳ дар Сурия


Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дирӯз дар кишвараш авфи умум эълом кард, ки дар он гуфта мешавад, гуноҳи онҳое авф мешавад, ки то рӯзи 20 июн ҷиноят кардаанд. Се ҳафта пеш аз ин ҳам Башшор Асад зиндониёни сиёсиеро авф кард, ки дар ҷараёни тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ боздошт шуданд. Як рӯз пештар раиси ҷумҳури Сурия ваъда дод, ки дар кишвараш ислоҳоти сиёсӣ анҷом хоҳад дод ва пешнависи Қонуни Асосии ислоҳшударо низ муаррифӣ хоҳад кард. Айни замон гузориш мешавад, ки дирӯз дар чандин шаҳри Сурия даҳҳо ҳазор нафар бо ҳимоят аз Башшор Ассад раҳпаймоӣ карда ва дар баъзе маҳалҳо бо мухолифони ҳукумати ӯ вориди даргирӣ шудаанд, ки дар натиҷа 7 нафар ҷон додаанд. Ва дирӯз Владимир Путин, нахуствазири Русия хостори фишори байналмилалӣ ба режими Башшор Асад шуд, то саркӯби тазоҳургарони зиддидавлатиро хотима диҳад. Ӯ ҳамчунин гуфт:" Ба андешаи мо, дахолат ба умури як кишвари мустақил ва соҳибихтиёр кори дурусте нест. Маҷрои таҳаввулот дар баъзе аз кишварҳои минтақа нишон медиҳад, ки вазъ дар онҳо бештар нашудааст, зеро мо талош кардем, он равандҳоро ҳидоят кунем. Гузашта аз ин маълум нест, ки воқеан дар Сурия чӣ мегузарад." Ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Сурия сар аз моҳи март то кунун дар ҷараёни тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ бештар аз 1300 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG