Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суқути ҳавопаймо дар Русия 40 нафар ҷон доданд


Бар асари суқути як ҳавопаймои мусофирбар дар шимолуғарби Русия 40 нафар кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймо дар як шоҳроҳи наздик ба фурудгоҳи шаҳри Петрозаводск афтода ва оташ гирифтааст. Ҳашт нафар дар сониҳа зинда мондаанд, вале вазъи сиҳатишон бисёр бад арзёбӣ мешавад. Сабабҳои суқути ҳавопаймо, ки аз шаҳри Маскав бархоста буд, ҳанӯз маълум нест.
XS
SM
MD
LG