Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи муҳокимаи президенти Тунис ва ҳамсараш


Муҳокимаи додгоҳии собиқ президенти Тунис, ки барканории ӯ ба оғози намоишҳои эътирозӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳони араб сабаб шуд, дар ғайби ӯ дар Тунис шурӯъ мешавад.

Занулоббидин Бен Алӣ ва ҳамсари ӯ Лайло барои азхудкунии маблағҳо, шустушӯи пулҳо ва қочоқи маводи мухаддир айбдор мешаванд. Ин иттиҳомот бар пояи бозёфтҳои муфаттишон таҳия шудааст, ки баъди тарки кохи раёсатҷумҳурӣ кардани хонаводаи Бен Алӣ дар дохили қасраш ба маблағи 27 миллион доллар ҷавоҳироту пули нақд ва инчунин маводи мухаддир ва силоҳ ошкор шуд.

Худи Бен Алӣ аз рӯзи фирораш 14 январ дар Арабистони Саъудӣ ба сар мебарад. Президенти собиқи 74-солаи Тунис ҳамчунин барои сӯиистифода аз қудрат ва куштор айбдор мешавад. Бен Алӣ дар навбати худ иттиҳомоти зидди худро рад карда онҳоро “масхараи адолат” унвон кардааст.
XS
SM
MD
LG