Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазир музокироти дарёфти қарзро таъйид кард


Ҷеорҷ Папандреу
Ҷеорҷ Папандреу
Ҷеорҷ Папандреу-нахуствазири Юнон имрӯз таъйид кард, ки кишвараш ҷиҳати дарёфти кӯмаки дуввуми молӣ барои раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ машғули музокира аст. Ин кӯмак ҳам тақрибан бо мизони кӯмаки як соли пеш баробар аст. Кӯмаки соли гузашта 157 миллиард долларро ташкил медод. Папандреу дар ин бӯҳрони молӣ бахши давлатии иқтисодро гунаҳгор медонад, ки иқтисоди Юнонро ба зону даровардааст. Вай мегӯяд, тирамоҳ барои ворид овардани тағирот дар Қонуни Асосӣ райпурсӣ баргузор хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, дар он сурат аз кормандони расмии ноуҳдабаро ба осонӣ метавон халос шуд. Ҳафтаи гузашта бори дагар дар Афина-пойтахти Юнон тазоҳуроти эътирозӣ анҷом гирифт. Тазоҳуркунандагон бар зидди коҳиши масорифи иҷтимоӣ ва боло бурдани молиёт, ки тақозои қарздиҳандагони байналмиллалист, эътироз карданд.
XS
SM
MD
LG