Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФФТ "Равшан"-ро муҷозот кард


Федеросиюни футболи Тоҷикистон(ФФТ) тими “Равшан”-и Кӯлобро ба маҳзи рафтори мухлисонаш 3 000 сомонӣ ҷарима баст. Шералӣ Давлатов, дабири кулли ин созмон гуфт, “Равшан”-ро аз ҳаққи мизбонии 5 бозии оянда низ маҳрум карданд. САДО Шоми сешанбе мухлисон баъди бохти “Равшан” ба “Истиқлол”-и Душанбе бо доварон ва милисаҳо даргир шуда, шишаи мошинҳои тими меҳмонро шикастанд. Мақомот мегӯянд, муассиси Истиқлол, ки писари президент Рустами Эмомалист, осеб надидааст. Дар иртикоби ин қазия алакай 20 тан боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG