Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бештари муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Италия ворид шудаанд


Frontex-ожонси ҳифзи марзҳои Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, шумораи бештари муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки вориди кишварҳои ин иттиҳодия мешаванд, аз Юнон будааст. Онҳо баъд аз оғози нооромӣ дар кишварҳои Африқои шимолӣ аз Юнон вориди ҷазираҳои Италия шудаанд. Ҷил Ариас Фернандез-муовини ин ожонсӣ гуфтааст, 22 600 муҳоҷири ғайриқонунӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар марзи Италия, ба вижа дар ҷазираи Лампедуса боздошт шудаанд. Дар маҷмӯъ дар ин муддат ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо 33 000 муҳоҷири ғайриқонунӣ ворид шудаанд.
XS
SM
MD
LG