Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти садҳо дар амалиёти поккории Ҷиср-аш-Шуғур


Нирӯҳои амниятии Сурия дар пайи ишғол кардани шаҳри ошӯбзадаи Ҷиср-аш-Шуғур ба поккории рустоҳои атрофи он пардохта, бино ба хабарҳо, садҳо нафарро боздошт кардаанд. Режими Башшор Асад қаблан дар бораи ҳалокати беш аз 120 тан аз нирӯҳои амниятиаш дар ин шаҳр хабар дода, рӯзи якшанбе бо истифода аз тонкҳову чархболҳо Ҷиср-аш-Шуғурро ба даст овард. Аммо фирориҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аксари қурбониён афроди мулкӣ ваё сарбозонеанд, ки ба иллати саркашӣ аз тирандозӣ алайҳи издиҳом кушта шудаанд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Марк Тонер гуфт, Вошингтон истифодаи давлати Сурия аз хушунатро бо “шадидтарин лаҳни мумкин” маҳкум мекунад: “Онҳо бо истифода аз чархболҳо ва тонкҳо болои мардуми мулкии бегуноҳ ҳамла мекунанд, ки шумо низ медонед. Рӯзторӯз рӯшантар мешавад, ки Башшор Асад қасди анҷоми ислоҳотро надорад. Ба назари ман, ончӣ ки моро зарур аст, бикунем, ҳамкорӣ бо шарикони аврупоии мо ва шарикони мо дар минтақа барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба он чист, ки дар Сурия мегузарад ва ҳам ба таври рӯшан намоиш додан ба Асад аст, ки ӯ бояд ба бадрафториҳояш нуқтаи таммат гузорад.”
Бо ин ҳол, СММ ҳушдор дод, ки шумори фирориҳо аз Сурия дастикам 10 000 нафар шудааст.
XS
SM
MD
LG