Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

210 миллион евро барои ҷуброни хисороти полезкорон


Куммиссиюни Аврупо ба хотири ҷуброни хисороти кишоварзон ҳаҷми ёронаҳояш ба полезкоронеро, ки даромади онҳо дар пайи шуйюъи бактерияи кушандаи E.coli коҳиш ёфт, 210 миллион евро афзуд. Бемории дарунрави ношӣ аз бактерияи E.coli то имрӯз мунҷар ба ҳалокати 26 нафар, аз ҷумла 25 тан дар Олмон шудааст. Мақомоти Олмон то ҳол манбаъи ин бактерияро наёфтаанд, вале ангушти гумонҳо қаблан рӯи бодиринги испанӣ ва як навъи лубиёи маҳаллӣ дар Олмон қарор гирифт, ки боиси коҳиши башиддати фурӯши сабзавот дар саросари Аврупо шуд.
Бо ин ҳол, вазири беҳдошти Олмон Даниэл Бар гуфт, мизони густариши ин маризии сироятӣ рӯ ба коҳиш овардааст.
XS
SM
MD
LG