Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 21 нафар дар хушунатҳои Ироқ


Ҳайкали Салоҳуддин дар Тикрит
Ҳайкали Салоҳуддин дар Тикрит
Имрӯз бар асари хушунатҳо дар Ироқ 21 нафар кушта шуданд. 17 тан аз ин шумор бар асари инфиҷори маргталабонаи мошини бомбгузоришуда дар Тикрит – зодгоҳи Саддом Ҳусейн – ҷон бохтанд. Ин таркиш дар назди дарвозаи маҷтамаъи кӯшкҳои президентие, ки дар аҳди Саддом Ҳусейн бино шуда, акнун ба дафтари ниҳодҳои амниятӣ табдил ёфтаанд, рух додааст. Аксари қурбониҳо афсарони амниятӣ будаанд. Рӯзи ҷумъа низ бар асари чанд ҳамлаи зоҳиран ҳамоҳангшуда дар Тикрит 21 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG