Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Надал даҳумин ҷоми қаҳрамонии теннисро ба даст овард


Рафаел Надал
Рафаел Надал
Рафаел Надал-теннисбози шумораи аввали ҷаҳон ба пирӯзии дигар ноил шуд ва Ҷоми тенниси бозиҳои Фаронсаро бо номи Роланд Гаррос бори шашум ба даст овард. Вай бар Роҷер Федерер дар даври ниҳоӣ пирӯз шуд. Федерер бозигари шумораи 3 ҷаҳон аст. То ҳол Рафаел Надал 10 бор ҷоми қаҳрамонӣ ба даст овардааст. Вай ду бор дар бозиҳои Вимбилдон, як бор дар бозиҳои Австралия ва як бор дар бозиҳои Амрико пирӯз шудааст. Дар ин мусобиқоти бонуфузи ҷаҳонӣ қаввитарин бозигарони теннис бо ҳам мусобиқа мекунанд.
XS
SM
MD
LG