Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми таҳқиқи фаъолиятҳои "Мовароуннаҳр"


Ҷӯрабек Охунов
Ҷӯрабек Охунов
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бахши асосии таҳқиқи фаъолиятҳои ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр»-ро ба анҷом расонидааст. Фаттоҳ Саидов, раиси ин Ожонсӣ ба «Азия Плюс» гуфтааст, ин таҳқиқот бо дастури додситонии кулли Тоҷикистон анҷом шуд. «Мовароуннаҳр» ба бунёди манзил дар Душанбе машғул буд.
Раиси ин ширкат Ҷӯрабек Охунов дар моҳи ноябр бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуд. Боздошти ӯ боиси силсилаи эътирози афроде шуд, ки барои харидории манзил дар ин ширкат пул гузоштаанд. Шумори онҳое, ки дар «Мовароуннаҳр» навбати хона мепоянд, 450 нафар гуфта мешавад.
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Охунов ба Радиои Озодӣ гуфт, натоиҷи таҳқиқот ба сурати умум ба фоидаи Охунов аст.
XS
SM
MD
LG