Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи “Равшан” бо 23 имтиёз дар ҷойи аввал аст...
Баъд аз он ки сардовар Олим Норбоев (аз шаҳри Душанбе) ба дарвозаи мизбонон пеналти ё ҷаримаи 11-метра таъин кард (ҳисоби бозӣ 2:1 ба фоидаи ССКА “Помир” буд), мизбонон ба нишони эътироз ба ҳукми сардовар майдонро тарк намуда, аз идомаи бозӣ даст кашиданд.
Сафар Каримов, раиси кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: "Ин ҳодиса 2-юми июн дар кумитаи назорату ахлоқи федератсия баррасӣ шуд. Бар асоси регламенти баргузории мусобиқот дастаи ССКА “Помир”, ки худсарона майдонро тарк кард ва бозӣ нотамом монд, бо ҳисоби техникии 0:3 мағлуб ва рақибаш - “Регар-ТадАЗ” ғолиб ҳисобида шуд. Ҳамчунин бошгоҳи футболи ССКА “Помир” ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ҷарима андохта шуд."
Сафар Каримов афзуд, аризаи шикоятии дастаи ССКА “Помир” аз болои сардовар дар комиссияи доварӣ-экспертӣ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт ва аз натиҷааш ба кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода мешавад.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи “Равшан” бо 23 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки аз бозии даври 12-ум озод буд, бо 22 имтиёз дар ҷойи дуввум мебошад, вале қаҳрамони Тоҷикистон се бозӣ камтар анҷом додааст. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 22 имтиёз бо дарназардошти таносуби тӯбҳо дар ҷойи севум қарор дорад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷой |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И | ||
1. |
"Равшан" |
11 |
7 |
2 |
2 |
18-8 |
23 | ||
2. |
"Истиқлол" |
8 |
7 |
1 |
0 |
19-3 |
22 | ||
3. |
"Регар-ТадАЗ" |
11 |
7 |
1 |
3 |
22-12 |
22 | ||
4. |
"Хайр" |
10 |
6 |
2 |
2 |
17-7 |
20 | ||
5. |
"Энергетик" |
11 |
5 |
1 |
5 |
16-18 |
16 | ||
6. |
"Хуҷанд" |
11 |
4 |
3 |
4 |
11-15 |
15 | ||
7. |
ССКА “Помир” |
11 |
4 |
1 |
6 |
17-18 |
13 | ||
8. |
“Шодмон” |
11 |
4 |
1 |
6 |
17-19 |
13 | ||
9. |
"Вахш" |
11 |
3 |
0 |
8 |
10-15 |
9 | ||
10. |
"Парвоз" |
11 |
3 |
0 |
8 |
11-27 |
9 | ||
11. |
"Гвардия" |
10 |
1 |
2 |
7 |
8-21 |
5 |
Даври 13-ум
3 июн (ҷумъа)
"Равшан" - "Парвоз"
"Вахш" - "Хуҷанд"
ССКА "Помир" - "Энергетик"
"Хайр" - "Регар-ТадАЗ"
"Гвардия" - "Истиқлол"
Бозиҳо соати 17.30 шурӯъ мешаванд.