Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони иттиҳом ба Холид Шайх Муҳаммад


Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, гумонбаршудаи тарроҳии ҳамлаҳои 11-уми сентябр, Холид Шайх Муҳаммад ва чаҳор шарики ӯ бори дигар ба терроризм ва куштор расман муттаҳам шуданд. Ҳар панҷ нафар қаблан низ дар робита ба ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ба Ню Йорк ва Вашингтон айбдор шудаанд, вале баъд аз тасмими ҳукумати президент Обама ба муҳокимаи онҳо дар додгоҳи федерол айбномаҳои расмӣ лағв гаштанд. Панҷгона дар боздоштгоҳи Гуантанмои Иёлоти Муттаҳида нигаҳдорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG