Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаққиқи рӯйдодҳои Қирғизистон -- "persona non grata"


Киммо Килюнен, раиси Кумиссиюни байнулмилалии таҳқиқи хушунатҳои байниқавмии Қирғизистон
Киммо Килюнен, раиси Кумиссиюни байнулмилалии таҳқиқи хушунатҳои байниқавмии Қирғизистон

Қирғизистон раиси кумиссюни таҳқиқи хушунатҳои соли 2010-ро “шахси номатлуб” эълон кард.

Ин қарор замоне қабул шуд, ки як узви порлумони Қирғизистон раиси Кумиссиюни байналмиллалии таҳқиқи хушунатҳои байниқавмии ин кишварро ба ришват муттаҳам кард.

Ба дунболи ин иттиҳом порлумони қирғиз
Ин шояд латифа бошад... Ин ҳақиқат нест. Ман аз Узбакистон ё ҳар тарафи дигаре чизе нагирифтаам...

сиёсатмадори финландӣ Киммо Килюненро “персона нон грата” ё шахси номатлуб дар Қирғизистон эълон кард. Дар қарор гуфта мешавад, Килюннен наметавонад ба қаламрави Қирғизистон ворид шавад ва дар ин кишвар иқомат кунад.

Дар ин бора Аҳматбек Келдиёров, раиси порлумон хабар дод. Вале вай гуфтааст, ки иҷрои ин қарор бар дӯши ҳукумат вогузор мешавад.

Кумиссиюни байнулмилалии таҳқиқи хушунатҳои байниқавмии Қирғизистон таҳти раҳбарии Киммо Килюнен дар гузориши худ, ки моҳи гузашта нашр шуд, мегӯяд, дар рӯйдодҳои моҳи июни соли 2010 дар вилоятҳои Ош ва Ҷалолобод наздик ба 470 нафар кушта шуданд ва бархе аз ҳамлаҳо ба ҷомеаҳои узбактабори ин манотиқ мумкин аст, ҷиноятҳои зиддибашарӣ шумурда шаванд. Инчунин гуфта мешуд, нерӯҳои ҳукумати Қирғизистон эҳтимолан дар ин хушунатҳо даст доштаанд.

Рӯзи чаҳоршанбе узви порлумони Қирғизистон, Канибек Имоналиев ба аъзои маҷлис гуфт, “бархе аз расонаҳои ахбори оми Финландия иттилоъ додаанд, ки Килюнен аз сарони ҷудоихоҳи узбактабори Қирғизистон ришва гирифта, гузориши натиҷаҳои кори кумиссюнро дар таҳқиқи даргирии моҳи июн яктарафа омода кардааст.”

Килюнен ин иттиҳомотро “дурӯғ” номид. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ин шояд латифа бошад... Ин ҳақиқат нест. Ман аз Узбакистон ё ҳар тарафи дигаре чизе нагирифтаам.”

Килюнен афзуд, вай барои кораш ба ҳайси раҳбари кумиссюн ягон подоши пулӣ нагирифтааст.
Дар вокуниши ибтидоияш ба гузориш рӯзи 3-юми май, ҳукумати Қирғизистон онро яктарафа номида, напазируфт ва гуфт, гузориш “тамоюли фарогире”-ро нишон медиҳад, ки “фақат як гурӯҳи қавмӣ ҷиноят содир карда, қурбониён ва кушташудагони ҳамин гурӯҳ нодида гирифта шудаанд.”

Дар изҳороти ҳукумати Қирғизистон гуфта мешавад, гузориш узбактаборонро “қурбониёни бедифоъ” қаламдод мекунад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ, Нурмуҳаммади Холзода, дар як гуфтугӯи телефонӣ аз Турсунбек Акун, Омбудсмен ё Бозраси ҳуқуқи башари Қирғизистон пурсид, вай дар ин бора чӣ назар дорад:

Турсунбек Акун: “Агар шахси номатлуб эълон карда бошанд, ман аз чунин тасмим ҷонибдорӣ намекунам. Ин комилан ғайриодилона аст. Дар ҳар ҳолат ин кумиссиюни байналмиллалӣ кор кард, онҳо роҷеъ ба бисёре аз масъалаҳо хулосаҳои одилона додаанд. Вале баъзе масъалаҳо ҳаст, ки наметавон бо онҳо розӣ шуд. Онҳо дар баъзе масъалаҳо ба корҳои дохилии Қирғизистон мудохила кардаанд. Бо вуҷуди ин, он ба хулосаҳои умумии кмиссиюни байналмиллалӣ асар намегузорад”.

Суол: Баъзе аз намояндагони порлумон дар ин бора изҳори назар кардаанд, ки ин гузориш якҷониба аст ва кумиссиюн дар расидагӣ ба муноқишаи қавмӣ хориҷ аз салоҳияти худ пой гузоштааст. Онҳо дар ин маврид чиро дар назар доранд?

Турсунбек Акун: “Агар додгоҳи миллӣ бозрасӣ кунад, нишонаҳои ҷиноят бар зидди башар вуҷуд дорад. Аммо баъзе аз намояндагони порламон мегӯянд, ки бар зидди башарият ҳеҷ гуна нишонаи ҷиноят мушоҳида намешавад. Ана ҳамин банд норизоятиро барангехтааст. Гузашта аз ин, ин гурӯҳ мегӯяд, ки кумиссиюни байналшмиллалӣ бештар аз узбакҳо ҷонибдорӣ кардааст, яъне бештар аз ҳуқуқи узбакҳо дифоъ кардааст, на аз ҳуқуқи қирғизҳо. Ин ақидаи баъзе намояндагони алоҳида аст, на ақидаи порламон ё раиси ҷумҳур”.

Суол: Иттиҳоди Аврупро ва Амрико гузориши ин кумиссиюни мустақилро пазируфтаанд. Худи шумо ба унвони Омбудсман дар ин бора чӣ назар доред?

Турсунбек Акун: “Ман чун омбудсмен ва раиси кумиссюни мустақили расидагӣ ба рӯйдодҳои моҳи июни соли гузаштаи ҷануби Қирғизистон бо рӯзноманигорон нишасти вижаи хабарӣ баргузор карда будам ва дар бораи гузориши кумиссиюни байналмилалӣ андешаҳои худро гуфтам. Ман он вақт хеле возеҳ ва бидуни шак гуфтам, ки хулосаҳои кумиссиюни байналмиллалӣ, бисёре аз бандҳои он, такрор мекунам, бисёре аз бандҳои он одилона аст. Онҳо ба мо пешниҳодҳо кардаанд, роҳҳои ҳали масъаларо пешкаш кардаанд. Худи ин масъала, ки кумиссюни байналмилалӣ дар Қирғизистон кор кард ва мо барои фаъолияти онҳо шароит фароҳам сохтем ё кумиссиюн кори худро ба поён расонд, ин дастоварди бузурги Қирғизистон дар баробари маҳофили байналмилалист. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бори авваал чунин кумиссиюн дар Қирғизистон ин корро анҷом дод. Дар баъзе мавридҳо кумиссиюн аз доираи салоҳияти худ фаротар рафтааст. Масалан, ҷумҳурии Қирғизия ҷумҳурии Қирғизистон ном бигирад ё ба забони узбакӣ мақоми расмӣ дода шавад. Инҳо масъалаҳое ҳастанд, ки порламон, раиси ҷумҳур ё мардум онро аз роҳи интихобот ё райпурсӣ ҳал мекунанд. Ин кори кумиссиюни байналмилалӣ нест. Вале бисёре аз бандҳои дигарро раиси ҷумҳур ва шахсиятҳои барҷастаи Қирғизистон қабул доранд. Мо набояд якҷониба баҳо диҳем. Нуқси ин гузоришро низ бояд бигӯем. Дар баробари ин, мо бояд ақида ва пешниҳодҳои ин кумиссиюнро дар назар бигирем ва аз он хулосаи зарурӣ барорем”.
XS
SM
MD
LG