Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаоҳои ҷиддӣ алайҳи муовини нахуствазири Қирғизистон


Кумиссиёни дигари порлумонӣ Омурбек Бабанов, чунин иддаъоҳоро беасос хонда буд.
Кумиссиёни дигари порлумонӣ Омурбек Бабанов, чунин иддаъоҳоро беасос хонда буд.
Як кумиссиёни пажӯҳишии порлумони Қазоқистон эълом кард, мадракҳое дар даст дорад, ки нишон медиҳад, Омурбек Бабанов, муовини аввали нахуствазир, дар фаъолиятҳҳои ғайриқонунии молӣ даст дорад. Ба гуфтаи аъзои кумиссиён, ки моҳе пеш таъсис шуд, Омурбек Бабанов, аз ҷумла соли 1999 аз роҳҳои ғайриқонунӣ шаҳрванди Қирғизистон шудааст, бонкеро ба номи модараш харидааст ва баъзе аз тоҷиронро ғайриқонунӣ аз тиҷорат ва моликияташон маҳрум кардааст. Омурбек Бабанов, раиси Ҳизби Республика, мегӯяд, ин иддаоҳо ангезаҳои сиёсӣ доранд. Ӯро яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раиси ҷумҳури Қирғизистон дар интихоботи оянда медонанд.
XS
SM
MD
LG