Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Амрико


Рӯзи 23-юми май муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо муовини аввали ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷануби ва Марказӣ ҷаноби Геоффрей Пятт дидору гуфтугӯ анҷом дод. Масоили бозсозии Афғонистон, ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши бехатарии марзҳо, иҷрои тарҳи энержии КАСА-1000 ва бунёди нерӯгоҳи Роғун, аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯи ҷонибҳо будааст. Ҷониби амрикоӣ таъкид кардааст, ки кишвараш омодааст дар рушди тиҷорат миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ кӯмак намояд. Дар навбати худ ҷаноби Собиров умедворӣ намудааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар иҷрои тарҳҳои энержӣ, ки на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа муҳим мебошанд, мусоидат намояд.
XS
SM
MD
LG