Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ҳабси маъмурии 4 ҷавони фаъоли озарӣ


Чор ҷавони фаъоли озарӣ, ки дар ҷараёни раҳпаймоии рӯзи 22 май дар Боку боздоштшуданд, то 8 рӯз ҳукми ҳабси маъмурӣ гирифтаанд. Аъзои кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусони сиёсӣ рӯзи 22 май дар тазоҳуроте дар майдони Гулгашти Боку раҳоии фаъолони зиндонӣ ва ҳам истеъфои раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиевро талаб мекарданд. Рӯзи якшанбе ҳамроҳ бо ин 4 нафар хабарнигор Фикрат Фаромазуғлу низ дастгир шуда буд.
Раҳбари бахши ҷавонони Ҷабҳаи мардумии Озарбойҷон Абулфайз Қурбонлӣ гуфт, Орхан Ҷарчиев ва Эмин Фарҳодӣ ба 8 рӯзи ҳабс ва Ҷамил Ҳоҷиеву Оғосӣ Шокируғлу ба 7 рӯз маҳкум шуданд. Фикрат Фаромазуғлу дар ҳамон рӯзи 22 май раҳо ёфтааст.
XS
SM
MD
LG