Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни хотира ва аксҳо аз СССР


Аксхои хайкали Ленин барои гушаи "Ман дар СССР зистаам"
Аксхои хайкали Ленин барои гушаи "Ман дар СССР зистаам"

Хотираҳои Фаридун Назмиддинов аз замони шӯравӣ дар ҳоли ҳозир бештарин таваҷҷӯҳи хонандагонро ҷалб кардааст.

Вай менависад: “Мо компутер надоштем, антенхои бисёршабакаи мохвора надоштем, телефонхои мобили надоштем, денди ва сега хам надоштем. Телевизорхои мо ранга набуданд ва онро на хама дошт. Мо вакти саршавии филмхои тасвириро медонистем ва барои тамошои он ба хонаи наздиктарин даромада онро сарчамъона бо нидохои хурсанди тамошо мекардем. Телевизорхои мо пулт надоштанд, тугмаи гардонанда хама вакт мешикаст ва мо ба шабаки дигар ба воситаи амбур мегардондем.»

Пас аз ороиши матнаш бо аксҳои таърихӣ, ҷаноби Назмиддинов меафзояд: «Чамъоварии оханпораро дар мактабхо ёд доред? Дар ин маърака бачагон хар гунна оханеро , ки меёфтанд, ба мактаб оварда месупориданд. Дар охир онхоеро, ки аз хама бештар оханпора меоварданд, бо ифтихорномаву мукофотхо сарфароз гардонда мешуданд. Имруз чунин порахои оханро барои сохтмон бо нархи гароне мехарем. Нушокихои бомазаи он замонро хам ба хотир меорем. Аз як шиша чанд нафаре менушидем, аммо касе аз бемории сирояти намефавтид, хеч бачае ба полеомелит гирифтор намешуд.»

Хотираи дигар ба қалами Бахтиёри Меҳрубонзод низ, зоҳиран, ба хонандагон хуш омадааст. Вай зери сарлавҳаи «Замоне ки чун рӯъё гузашт» менависад: «...камина низ дар замони шурави зистаам ва холо, ки бо мурури вакт чашмам кушода гаштааст,хамаи он пиндору айём чун руъёе гузаштаву хотироти талху ширин боки гузоштааст. Холо хушбахтам, ки дар замони истиклолият ба сар мебарам ва дигар ягон идеологияи дуругин маро фирефта наметавонад. Бале, назари ман минбаъд ба истилоххое чун босмачи, хамрох шудани Осиёи Миёна ба Россия, истило ва хушбахти дигар шудааст, зеро маводхои лозимии худогохиро омухтам ва чун ба ойина ба таърихи миллати хеш назар карда, худро накутар мешиносам, ба диди тоза таърихи навинро меомузам, гузаштаеро шиносои дорам ки дар замони СССР куллан махфиву дастнорас буд.»

Аз аксҳо, бино бар теъдоди бинандагон дар ҳоли ҳозир акси журналист Абдуазими Абдуваҳҳоб «Ленин дар панҷара» ва ду акси Дилшод Раҳимов – «Хаткашони деҳаи мо» ва «Дарси таълими меҳнат» пурбинанда будаанд. Аммо озмун идома дорад ва то 15-уми июн идома мекунад ва таваҷҷӯҳи феълии бинандаҳо ҳанӯз чизеро ҳар намекунад ва ҳар яки Шумо имкон доред, вориди озмун шудаву ғолиби он гардед.

Аксхои хайкали Ленин барои гушаи Ман дар СССР зистаам

Tajikistan -- Дарси таълими меҳнат дар мактаби миёнаи №70. н. Ҳисор, санаи акс 1960-62.

Tajikistan -- Хаткашони деҳаи мо, ноҳияи мазкур, соли 1958.

Агар Шумо дар давраи шӯравӣ зистаед, ки мардум чӣ либосе мепӯшиданд, чӣ мусиқие гӯш мекарданд, тӯю маъракаи мардум ба чӣ шакл мегузашт, то куҷо ва аз чиҳо мардум розӣ буданду аз чиҳо норозӣ?

Интихоботҳо ба шӯроҳои маҳаллӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ чӣ гуна ҷараён мегирифт? Ниҳодҳои давлатӣ ва ҳизбӣ ба разу шикояти мардум чӣ гуна расидагӣ мекарданд?

Телевизион чӣ намоиш медод ва рӯзномаҳо чӣ менавиштанд? Обуна ба нашрияҳо чӣ гуна ҷараён мегирифт? Донишҷӯён баъд аз хатми таҳсил чӣ гуна ва ба куҷо ба кор мерафтанд?

Дар ин бора ва дар мавзӯъҳои дигар хотирае ё аксе доред, лутфан бифиристед ва барандаи ин озмун шавед!

P.S. Дар ҳоле ки ин суханон навишта мешуданд, дар сафҳаи махсуси озмуни "Ман дар СССР зистаам" хотираҳои ҷолиби журналисти тоҷик Муҳаммадюсуф Шодиев ба нашр расид, ки ба мафҳумҳои "дефитсит" ва "спекулянт" дар замони шӯравӣ ишора кардаву дар ин замина вазъи рӯзгоррон ба қалам тасвир кашидааст.
XS
SM
MD
LG