Бар асари ҳамлаи шоми якшанбе ба пойгоҳи ҳавоии артиши баҳрии Покистон дар шаҳри Карочӣ дастикам 4 нафар кушта шудаанд. Мақомоти иктишофӣ мегӯянд, аз 15 то 20 ҷангӣ дохили пойгоҳи Меҳрон шуда, ба се ангари ҳавопаймоҳо ҳамла бурдаанд. Шоҳидон мегӯянд, садои тирандозиро шунидаанд ва аз дохили пойгоҳ дуд ба ҳаво хеста буд. Мақоми аршади пулис Тоҳир Навид ба Ройтерс гуфтааст, ки ҳамлагарон бо ходимони пойгоҳ вориди даргирӣ шудаанд. Телевизиони “Дунё” гуфт, як ҳавопаймо оташ гирифтааст.
Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст, вале Таҳрики Толибони Покистон таҳдид карда буд, ки интиқоми қатли раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лодинро хоҳад гирифт.
Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст, вале Таҳрики Толибони Покистон таҳдид карда буд, ки интиқоми қатли раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лодинро хоҳад гирифт.