Бино ба иттилои хабаргузориҳо, кормандони ФСБ ё Хадамоти Федеролии Амнияти Русия як хонуми 35-сола, шаҳрванди Тоҷикистонро дар шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Ин хонум яке аз фаъолони ҷунбиши исломгарои Тоҷикистон будааст. Бино ба навиштаи хабаргузориҳо, додситонии Тоҷикистон соли 2006 ҷустуҷӯ ва боздошти ин занро дархост кардааст. Додситонии Тоҷикистон барои он ҷӯстуҷӯи ин хонумро эълон кардааст, ки вай хостори сарнагунии давлати конститутсионӣ дар Тоҷикистон ва ташкили ҷумҳурии исломӣ шудааст. Бино ба хабарҳо, ҳоло вай дар яке аз зиндонҳои Маскав нигаҳдорӣ мешавад. Маводи зарурӣ барои истирдоди вай ба Додситонии Тоҷикистон фиристода шудааст. Ҳеҷ як аз хабаргузориҳо номи ин занро ифшо накардаанд.