Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз чаҳор мӯътариз дар Сурия


Дар Сурия зимни парокандасозии намоишҳои навбатии эътирозӣ аз сӯи нерӯҳои амниятӣ чаҳор мӯътариз - се нафар дар шаҳри Ҳомс ва як каси дигар дар Саномин кушта шуданд.

Намоишҳои эътирозӣ бо талаби ислоҳоти демократӣ ва истеъфои раисиҷумҳур баъд аз намози ҷумъа дар шаҳрҳои Банияс, Ҳома ва Лотакия ҳам, ки таҳти назорати низомиён қарор доранд, баргузор шуданд

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, бар асари саркӯбсозии намоишҳо дар кишвар беш аз 850 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG