Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cафари гурӯҳи нав ба Алмаато барои дифоъ аз тарҳи Роғун


Гурӯҳи намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон барои ширкат дар машваратҳо оид ба бунёди нерӯгоҳи Роғун ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон сафар кард.

Ба ҳайати Тоҷикистон академик Собит Неъматуллоев, собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Георгий Кошлаков, раиси пешини ширкати “Барқи тоҷик” Баҳром Сироҷев, вакили Маҷлиси намояндагон Шодӣ Шабдолов ва намояндагони Анҷумани энергетикҳои Тоҷикистон шомиланд.

Шодӣ Шабдолов қабл аз парвоз ба хабаргузории Азия-плюс гуфтааст, ки онҳо дар машваратҳо аз мавқеъи Тоҷикистон дар робита ба бунёди нерӯгоҳи Роғун сарсахтона пуштибонӣ хоҳанд кард.

Машваратҳо дар Алмаато таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ ду рӯз пеш шурӯъ шуданд.

Ӯзбакистон ба бунёди нерӯгоҳи Роғун мухолиф аст ва мегӯяд, ки сарбанди он дар сурати заминларза хароб хоҳад шуд.

Ва аммо мақомоту донишмандони бахши зилзиласанҷии Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунанд. Аз нигоҳи Душанбе, мухолифати Тошканд ба бунёди нерӯгоҳ ангезаи сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG