Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи хунини интиҳорӣ дар Ҷалолобод


Имрӯз бар асари таркиши интиҳории як мошини бомбгузоришуда дар вилояти Ҷалолобод дар шарқи Афғонистон, ки курсантҳои пулисро ба ҳадаф дошт, дастикам 13 нафар кушта ва 20 тан захмӣ шудаанд. Сухангӯи волии Ҷалолобод Абдулзиё Аҳмадзай гуфт, бомбгузор ба автобуси пулис ҳамла кард. Бино ба хабарҳо, масъулияти ҳамларо Толибон бар дӯш гирифтааст. Ҷузъиёти дигари ин ҳамлаи маргталабона ҳанӯз дастрас нест.
XS
SM
MD
LG