Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гроссман рӯзи 20 май аз Душанбе дидан мекунад


Марк Гроссман
Марк Гроссман
Марк Гроссман, намояндаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон рӯзи 20 май аз Душанбе дидан мекунад. Манбаъи «Азия Плюс» дар ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, тайи ин сафари Гроссман масоили амнияти минтақа ва роҳҳои расидан ба сулҳу оштӣ дар Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд. Қарор аст, фиристодаи Вошингтон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шояд бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомиаи шаҳрвандӣ мулоқот кунад. Гроссман моҳи феврал баъди ду моҳи бар асари сактаи қалб даргузаштани Ричард Ҳолбрук ба симати фиристодаи Амрико дар умури Афғонистону Покистон таъйин шуд.
XS
SM
MD
LG