Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ бо раҳбарони Покистон мулоқот мекунад


Интизор меравад, имрӯз Ҷон Керрӣ, сенатори амрикоӣ вориди шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон шавад, ки баъд аз қатли Усома Бен Лодан, дар ин ҷо, нахустин сафари мақоми олирутбаи Амрико ба Исломобод аст. Ҷон Керрӣ, раиси Кумитаи умури равобити хориҷи сенати Иёлоти Муттаҳида аз Кобул вориди Покистон мешавад. Ӯ дирӯз дар гуфтӯгу бо бахши афғонии Радиои Озодӣ, марги Усома Бен Лодан, раҳбари шабакаи Ал-Қоидаро як фурсати муҳиме хонд ва гуфт: "Марги Бин Лодин, як дастоварди муҳимест ва мусалламан як фурсати наверо барои ҳама муҳаё месозад, то фикр кунанд, ки чӣ иттифоқ меафтад. Бахусус фурсатест, барои Толибон, ки силоҳи худро ба замин бигзоранду бифаҳманд, ки мо талошҳои худро ҷиҳати додани сазои иқдомоти хушунатбор, муттавақиф намекунем." Интизор меравад, ки Ҷон Керрӣ бо Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳур, Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазир ва дигар мақомоти олирутбаи Покистон дидору гуфтӯгу кунад.
XS
SM
MD
LG