Дар пойтахти Тоҷикистон ба амри шаҳрдорӣ яке аз бозорҳои бузурги умдафӯруширо муваққат бастаанд. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бозори мазкур дар яке аз гӯшаҳои шаҳри Душанбе ба меъёрҳои зиёде мувофиқат намекард, аз ин рӯ онро то замони ислоҳи камбудиҳо бастанд: “Бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор ва ба талаботи зиддисӯхторӣ ва беҳдоштӣ санитарӣ мувофиқ намудани бозори “Сомон” дар асоси қарорҳои раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарӣ эпидемиологии шаҳри Душанбе баҳри аз ҷониби маъмурияти бозор рафъ намудани камбудиҳои ҷойдошта фаъолияти он аз 13 майи соли 2011 то ислоҳи вазъ муваққатан қатъ карда шудааст.” Бозори “Сомон” бо арзон будани маҳсулоти кишоварзиаш дар пойтахт харидорони зиёд дошт ва муштариёну тоҷирон мегӯянд, бастани бозор дар замони боло рафтани қиматҳо бар зарари кор аст.