Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 нажодпарастро дар Маскав ба зиндон андохтанд


Бино ба гузоришҳои расида аз Русия, додгоҳи шаҳри Маскав чаҳор миллатгарои русро барои ду куштор ва ҳамлаҳои дигар ба зиндон андохтааст. Бино ба хабари Интерфакс, ин чаҳор нафар узви гурӯҳи “Белий Легион” будаанд ва маркази он дар шаҳри Дзержинский дар ҳаволии шаҳри Маскав ҷой гирифтааст. Ҳадафи ин гурӯҳ ҳамла ба афроди ғайриславянӣ будааст. Ин чаҳор нафар аз 5 то 22 сол маҳкум ба зиндон шудаанд. Дар догоҳ собит шудааст, ки ин чаҳор нафар як марди 50 солаи озарбойҷонӣ ва як донишҷӯи 21 солаи узбакистониро ба қатл расондаанд.
XS
SM
MD
LG