Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведеву Зардорӣ ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд


Имрӯз раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев бо ҳамтои покистониаш Осифалии Зардорӣ, ки дар Маскав ба сар мебарад, дидору мулоқот кард. Медведев дар ин нишаст ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Исломобод даъват кард:

“Ба фикри ман, муносиботи мо ояндаи хубе доранд. Мо бояд танҳо ҳамкориҳои иқтисодиамонро суръат бахшем. Умедворам, ки санадҳои имрӯз имзошуда саҳми худро дар пешрафти равобити иқтисодии кишварҳои мо хоҳанд гузошт”.

Кремлин мегӯяд, ки дар меҳвари гуфтгуӯҳо мубориза зидди терроризм ва ҷилавгирии қочоқи маводи мухаддир аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ қарор доштааст. Инчунин, дар ин гуфтугӯҳо нақши Русия дар тарҳи сохтмони гази табиӣ аз Туркманистон ба Ҳинд тавассути хоки Афғонисто ва Покистон баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG