Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳифзи сомонӣ


Бонки Миллии Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳояш ба бозори асъор 1 миллион доллар рехтааст, то арзиши сомониро нигаҳ дорад. Ин дар ҳолест, ки арзиши сомонӣ-пули миллии Тоҷикистон бо суръат поин меравад ва заминаро барои таваррум ё инфлятсия фароҳам меорад. Чунин раванд Бонки миллии Тоҷикистонро ба ин иқдом водор сохтааст, иқдоме, ки тайи чанд соли ахир мушоҳида нашуда буд ва ба гуфтаи иқтисоддонон нишондиҳандаи мушкилоти амиқи иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад.
XS
SM
MD
LG