Пулиси Русия имрӯз 7 узви гурӯҳи “Ҳомиёни ҷангали Химкӣ”, бо шумули раҳбари он Евгения Чириковаро боздошт кард. Сергей Удалтсов, раҳбари Ҷабҳаи чап, аз ташаккулҳои мухолифи давлати Русия, гуфт, ин афрод вақте дастгир шуданд, ки мехостанд ба буридани ҷангали Химкӣ мамониат кунанд. Буридани ин ҷангал ба хотири эҳдоси шоҳроҳи нави Маскав - Санкт-Петербург соле пеш дар пайи эътирозҳои ҳомиёни муҳити зист мутаваққиф шуд, вале акнун аз сар гирифта шудааст.