Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозии нирӯҳои Сурия дар Ҳумс


Ҳумс- маркази эътирозҳои Сурия
Ҳумс- маркази эътирозҳои Сурия
Ҳомиёни ҳуқуқ дар Сурия мегӯянд, имрӯз аз шаҳри Ҳумс садои тиру тӯп меомад. Ин севвумин шаҳри бузурги Сурия як маркази умдаи эътирозҳо алайҳи режими худкомаи Башшор Асад маҳсуб мешавад. Ҳазорон нафар дар Сурия бо илҳом аз эътирозҳои Тунису Миср аз миёнаи моҳи март ба зидди режими Асад бархостанд. Асад барои муқобила бо эътирозгарон ба чандин шаҳр тонку тӯп фиристод. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар ҷараёни саркӯбии эътирозҳои Сурия беш аз 800 нафар ҷон бохта, ҳазорон тан боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG