Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви аршади ал-Қоида хостори таслим шудааст


Вазорати умури дохилии Арабистони Саудӣ мегӯяд, як узви аршади шабакаи террористии Ал-Қоида мехоҳад, худро ба ҳукумат таслим кунад. Сухангӯи ин ниҳоди Саудия, Мансур ал-Туркӣ гуфт, Холид Абдуллоҳ ал-Қаҳтанӣ аз кишвари номаълум бо мақомти саудӣ дар тамос шуда, гуфтааст, фаъолияти хешро қатъ мекунад ва хоҳиши бозгашт ба ватанро дорад. Ал-Туркӣ гуфт, ин дархости ал-Қаҳтанӣ мавриди омӯзиши мақомоти саудӣ қарор ёфтааст.
XS
SM
MD
LG