Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Амрико аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон


Сафири Амрико дар Тоҷикистон
Сафири Амрико дар Тоҷикистон
Сафири Амрико дар Тоҷикистон бо пахши изҳороте вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро нигаронкунанда хондааст. Кен Гросс, сафири Амрико дар Душанбе гуфта, ки "аз боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори "Нури зиндагӣ" дар Ашт, мушкили ҳафтаномаи “Пайкон” ва ба додгоҳ кашида шудани хабарнигори "Имрӯз нюс", Мирзомуроди Бозор, нигаронем." Сафири Амрико афзудааст, "мо рӯйдодҳои марбути ин парвандаҳоро бодиққат мушоҳида менамоем ва умед дорем, ки дӯстони мо дар ҳукумати Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки воситаҳои мустақили ахбори омма дар ҷомеаи солиму демократӣ нақши муҳимро мебозанд." Кен Грос гуфтааст, бо ин ҳол сафорати Амрико дар Душанбе барои рушди воситаҳои ахбори мустақил талош мекунад. "Мо мушоҳида намудем, ки бесуботӣ бештар на аз озодии аз ҳад зиёд, балки аз озодии аз ҳад маҳдуд маншаъ мегирад. Изҳори озоди нуқтаҳои назари мухталиф мамлакатро нерӯмандтар мегардонад ва қадами нахустини ноилшавӣ ба ризоият аст",-омадааст дар изҳороти сафири Амрико дар Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG