Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, давлати Эрон бояд мисли режими Муаммар Қаззофӣ дар Либия “манъ” карда шавад. Нетаняҳу, ки бо сафаре дар Маскав қарор дорад, гуфт, ғаразҳои ҳастаӣ ва “орзуи қудрати ҷаҳонӣ” шуданиЭрон барои амнияти ҷаҳонӣ таҳдиди билофосила эҷод мекунанд. Ӯ ба телевизиони русии “Вести” гуфт, “агар мо Қаззофиро ром мекунем, пас бояд бо айни шева пеши режими Теҳронро низ бигирем.” Нетаняҳу дирӯз, як рӯз баъд аз мулоқоти раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос, вориди Маскав шуд. Ба бовари нозирон, ҳадафи ин ду сафар рафъи мавонеъи мавҷуд дар роҳи музокироти сулҳи Исроил бо фаластиниҳост.