Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дар Тоҷикистон маркази низомӣ сохтанӣ нест


Амрико қасди сохтани кадом маркази низомӣ дар Тоҷикистонро дар сар надорад. Ёвари муовини вазири хориҷаи Амрико Сюзан Эллиот дар сӯҳбат бо рӯзномаи “Коммерсант”, чопи Маскав, гуфтааст, ки Вошингтон кадом барномаи махсуси ифтитоҳи маркази тармниӣ дар ин кишвари Осиёи Марказиро надорад. Ӯ гуфтааст, Вошингтон бо Душанбе дар масъалаи таҳкими ҳифзи марзаш бо Афғонистон барномаҳои зиёде дар даст дорад, вале дар ҳоли ҳозир кадом тарҳи бунёди маркази вижае дар Тоҷикистон матраҳ нест.
Хонум Эллиот ҳамчунин гуфта, ки Амрико то ҳол таҳримоташ алайҳи Узбакистон, аз ҷумла манъи фурӯши аслиҳа ва ироаи кумакҳои низомӣ ба Тошканд бидуни ризоияти Конгрессро лағв накардааст. Ӯ афзуда, ки Амрико дар музокирот бо мақомоти Узбакистон ва ҳар кишвари дигари минтақа масоили демократия ва ҳуқуқи инсонро дар миён мегузорад.
XS
SM
MD
LG