Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Афви байналмилалӣ аз Низомхон Ҷӯраев


Созмони Афви байналмилалӣ аз мақомоти Русия хостааст, то соҳибкор ва вакили собиқ Низомхон Ҷӯраевро ба мақомоти Тоҷикистон таслим накунад. Ба бовари ин гурӯҳи ҳуқуқи башар, Ҷӯраев дар Тоҷикистон метавонад ба шиканҷаву бадрафторӣ рӯбарӯ шавад. Низомхон Ҷӯраев, мудири собиқи корхонаи кимиёии Исфара ва вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд, ки аз соли 2007 дар ҳоли фирор ба сар мебурд, дар моҳи август дар Русия боздошт шуд. Ӯ феълан дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш ба Душанбе дар боздошт қарор дорад. Мақомоти Тоҷикистон Ҷӯраевро ба ҷиноёти сангине, чун куштор, шустушӯи пул ва ҳифзи аслиҳа айбдор мекунанд. Ду сол пеш дар иртикоби парвандаи Ҷӯраев 31 сокини Исфара ба мӯҳлати аз 8 то 25 сол маҳкум ба зиндон шуданд.
XS
SM
MD
LG