Имрӯз Шӯрои миллӣ, ки аз сӯи ошӯбгарон дар шарқи Либия таъсис шудааст, Маҳмуд Ҷабраилро раиси ҳукумати муваққат таъин кард ва аз ӯ хост то кобинаи вазиронро ташкил кунад.
Дар ин бора шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” хабар дод. Маҳмуд Ҷабраил қаблан раиси кумитаи зиддибӯҳронии Шӯрои миллӣ буд ва ҳалли масоили низомиву байнулмилалиро бар ӯҳда дошт.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ имрӯз бо ошӯбгарон дар канори шаҳрҳои Мисурата ва Зинтон дар ғарби Либия ва дар шаҳри Ёфран, воқеъ дар ҷанубу ғарби Триполӣ, вориди даргирӣ шуданд.
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, изҳор намуд, ки Вошингтон рӯзҳои наздик раҳбарии амалиёт дар Либияро бар дӯши ҳампаймонҳои худ вомегузорад.
Ин изҳорот баъд аз он нашр шуд, ки Барак Обама ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ ва нахуствазири Бритониё Дэвид Камерон дар бораи нақши калидии НАТО дар ин амалиёт ба созиш расиданд
Ҳавопаймоҳои эътилоф шаби гузашта мавқеъҳои нерӯҳои ҳукуматӣ, пойгоҳҳои баҳрӣ ва фурудгоҳҳоро бомборон карданд.