Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсифи Обама аз таҷрубаи Амрикои Лотинӣ


Барак Обама хостори шеваи нави равобити Амрико бо кишварҳои Амрикои Лотинӣ мабнӣ бар равобити баробар шудааст. Раисиҷумҳури Амрико дар Чили Амрикои Лотиниро пойдевори пешрафт ва амнияти кишвараш хонд ва гуфт, ин минтақа омода ҳаст дар умури ҷаҳонӣ нақши болотареро ба худ бигирад. Ӯ гуфт, таҷрубаи Амрикои Лотинӣ метавонад барои дигарон ҳамчун намунаи гузариш ба низоми демократӣ хидмат кунад. Обама қаблан аз Бразилия дидан кард ва имрӯз аз Чили роҳии Салвадор, нуқтаи охирини силсиласафараш ба кишварҳои Амрикои Лотинӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG