Мардуми Миср интизори натиҷаҳои райпурсии рӯзи шанбеанд. Баъд аз барканории Ҳуснӣ Муборак аз сари қудрат дирӯз дар Миср барои ворид овардани тағирот дар Қонуни Асосии ин кишвар райпурсӣ баргузор шуд. Миллионҳо нафар дар ин райпурсӣ ширкат карданд ва гуфта мешавад, ки баъд аз даҳсолаҳо тасаллути режими Муборак фазои озоду демократӣ дар ҷараёни райпурсӣ мушоҳида мешуд. Ислоҳот дар Қонуни Асосиро Шӯрои Низомӣ баргузор кард, ниҳоде, ки баъд аз Ҳуснӣ Муборак идораи умури кишварро дар ихтиёр дорад.